Ссылки доступа

Додситонӣ зидди писари Гул Шералӣ айб эълон кард


Диловар Гулов
Диловар Гулов

Додситонии шаҳри Душанбе зидди Диловар Гулов, писари вазири пешини энержии Тоҷикистон Гул Шералӣ, ки дар латукӯби як корманди пулис гумонбар аст, айб эълон кард. Дар ҳолати собит шудани ин ҷурм, ба Диловар Гулов аз панҷ то ҳафт соли зиндон таҳдид мекунад.

Як манбаи наздик ба додситонии Душанбе 20 июл гуфт, ки ин ниҳод зидди Гулови хурдӣ бар пояи банди 237, қисми 3 -и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - "авбошие, ки бо истифодаи силоҳ ё предмети ба сифати силоҳ истифодашаванда сурат гирифтааст" парванда боз кард. Манбаъ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир тафтиш идома дорад ва шоҳидону рафиқони Диловар Гулов, ки дар ин ҳодиса ҳамроҳаш буданд, бозпурсӣ мешаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳодисаи латукӯби Дилшод Нарзуллозода -- корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ҳамроҳи Диловар Гулов чаҳор рафиқи ӯ низ ҳузур доштанд. Ҳамаи онҳо феълан ҳамроҳи вай дар Боздоштгоҳи мувақатии Раёсати корҳои дохилии пойтахт воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ нигоҳдорӣ мешаванд.

Ҳодиса шоми 8 июл дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе рух дод ва писари вазири собиқ бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда ва ӯро латукӯб кард. Ҷанҷол миёни Гулов ва Нарзуллозода бар сари рондани мошин сар задааст.

Номи Диловар Гулов моҳи марти имсол сархати расонаҳо қарор гирифт. Ӯ 10 март бо гурӯҳе аз дӯстонаш барои халал расондан ба тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амри маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт ва ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум шуд.

Гул Шералӣ аз соли 2006 то соли 2013 вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон буд. Яке аз писарони вай Ашраф Гулов шавҳари Парвина Раҳмон, яке аз духтарони раисҷумҳури Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG