Ссылки доступа

Бонки "Эсхата" 10% кормандонашро ихтисор кардааст


Бонки "Эсхата", ки аз он яке аз ниҳодҳои муваффақи молӣ дар Тоҷикистон ном бурда мешавад, ахиран эълон кард, ки 10 дарсади кормандонашро ихтисор кардааст.

Масъулони бонк мегӯянд, дари чанд маркази хизматрасониашонро бастаанд. Ихтисори кормандони "Эсхата" дар пайи ивазшавии роҳбарият дар ин бонк сурат мегирад, ки бо тавсияи Бонки миллӣ анҷом шуда буд.

Намояндагони дафтари матбуоти Бонки "Эсхата" рӯзи 23-юми июл тасдиқ карданд, ки давоми шаш моҳи аввали соли равон 10 дарсади кормандонашонро ихтисор карданд.

Ихтисори 10 дарсади кормандони бонки "Эсхата" дар пайи як тағйироти кадрӣ иттифоқ меафтад, ки дар оғози соли равон анҷом шуда буд. Моҳи феврали соли равон Хуршед Носиров аз роҳбарии бонки "Эсхата" сабукдӯш ва зимоми раҳбарии ин бонк ба дасти Акбар Назаров гузашт. Намояндагии Бонки миллӣ моҳи феврали соли равон гуфта буданд, дар кори бонки "Эсхата" камбудиҳо ошкор шуданд.

Бино ба маълумоти намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд, наздики 60 дарсади интиқоли маблағҳо тавассути ин бонк сурат мегирад ва ҳудуди 40 дарсади қарзҳои муштариён ва ҳамин қадар пасандози сокинон ба “Эсхата” тааллуқ дорад.

Бонки "Эсхата" солҳои 1993-94 ташкил шудааст. Масъулини бонк мегӯянд, феълан 23 филилал ва беш аз 200 маркази хизматрасонӣ доранд. Ба иттилои БМТ, саҳмияҳои бонк дар дасти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва се нафар бо насаби Носировҳо мебошад.

XS
SM
MD
LG