Ссылки доступа

ИМА: хатари дахолат ба интихоботи Конгресс вуҷуд дорад


Роҳбари Иктишофи миллии ИМА Дэниэл Коутс гуфт, мақомоти иктишофии амрикоӣ аз дахолат ба интихоботи Конгресс, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар назар аст, нигаронанд. Ба гуфтаи вай, Русия ягона кишваре нест, ки мехоҳад, ба равандҳои демократӣ таъсир расонад.

Дар ҳамин ҳол вай гуфт, мақомоти амрикоӣ талошҳои заъифсозӣ ва тақсимзосии Амрикоро аз сӯи Москва мушоҳида мекунанд. Ба иттилои Коутс, Русия барои дахолат шеваҳои гуногунро - ҳам аз номи мақомот ва ҳам аз номи шахсони воқеӣ - истифода мекунад.

2 август сенаторҳои Амрико лоиҳаи нави қонун дар бораи таҳримҳои нав зидди Русияро муаррифӣ карданд. Ин лоиҳа дар посух ба дахолати эҳтимолии Москва дар интихоботи Амрико, ғасби Қрим ва сиёсати Русия дар Сурия таҳия шудааст.

Вашингтон Русияро дар дахолат ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 айбдор мекунад. Москва ин иттиҳомотро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG