Ссылки доступа

Дороии вакили порлумони Қирғизистон Осмонбек Артикбоев ҳабс шуд


Дороии вакили порлумони Қирғизистон аз Ҳизби сотсиал-демократии ин кишвар, ки дар фасодкорӣ айбдор мешавад, ҳабс шуд. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод.

Осмонбек Артикбоев бо айби фасодкорӣ дар доираи амалисозии лоиҳаи "Навсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек" ҳанӯз 7 июн боздошт шуда буд.

Ба иттилои Додситонии кулли Қирғизистон, ҳангоми амалисозии лоиҳаи "Навсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек" Осмонбек Артикбоев, ки он замон вазири энержӣ ва саноат буд, дастури ба таври фаврӣ бастани созишномаро бо ширкати ТВЕА дода ва бо шартҳои ширкат розӣ шудааст. Ба илова вай ва муовинонаш "асосноксозии техникиву иқтисодӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимиро талаб накардаанд".

Дороии Осмонбек Артикбоев ва наздиконаш, ки ҳабс шудааст, аз инҳо иборат аст: 7 мошин, манзили истиқоматӣ, манзили бисёрҳуҷрагӣ, 4 бинои ғайри истиқоматӣ, мағоза, қитъаи замин. Инчунин саҳмия дар се бунёди иҷтимоӣ ва чанд ширкати дигар.

XS
SM
MD
LG