Ссылки доступа

17 корманди бонк дар Суғд ба ҷавобгарӣ ҷалб шуд


Масъулини Бонки миллӣ мегӯянд, ки соли ҷорӣ 17 нафар, аз инҳо аксар кормандони бахши қарздиҳии бонки дучори мушкилшудаи "Агроинвестбонк" дар сохтакории ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ, гумонбар мешаванд.

Бино ба иттилои шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ алайҳи 17 корманди низоми қарздиҳӣ дар иртибот ба сохтакории асноди қарздиҳӣ ва аз худ кардани маблағҳои бонк ва ташкилоти амонатгузориву қарздиҳӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз карда шудааст.

Наврӯз Валиев, мудири ин шӯъба рӯзи 2-уми август дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, 14 нафари алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ бозгардида, кормандони собиқи филиалҳои "Агроинветстбонк" дар вилояти Суғд мебошанд, ки дар давраи фаъолияти худ вазифаи худро адо накарда, дар муомилоти пулӣ қонуншиканиҳо кардаанд.

Ӯ гуфт: "Ду ташкилоти қарзии пештар низомсоз, "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк " ӯҳдадории худро дар назди мизоҷон пурра иҷро накарданд. Бисёр кормандони собиқи ин ташкилот нисбат ба вазифаҳои худ беэътиборӣ зоҳир намуда, ба ҳаннотӣ ва амалҳои дигари ғайриқонунӣ даст заданд."

Қабл аз ин Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар як нишасти хабариаш рӯзи 25-уми июл дар Душанбе гуфта буд, ки бар зидди чаҳор корманди бонки "Эсхата" барои хилофкорӣ, аз ҷумла ошкор шудани муомилаҳо "бо гурӯҳи "қочоқбарони маводи мухаддир", парванда боз шудааст.

Як корманди баландпояи бонки "Эсхата" гуфт, ин иттиҳомро, ки кормандони ин ниҳоди молӣ бо гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир дидаву дониста муомилоти пулӣ доштанд, қабул надорад.

XS
SM
MD
LG