Ссылки доступа

Қазоқистон беқурбшавии тангаро "таъсири равандҳои ҷаҳонӣ" номид


Бонки миллии Қазоқистон (БМҚ) бо ҷонибдорӣ аз сиёсати кунунии табодули озоди асъори хориҷӣ поинравии қурби миллии ин кишвар - тангаро таъсири равандҳои ҷаҳонӣ номид.

"Вақтҳои ахир дар пасманзари ташдиди сиёсатҳои пулии Низоми федеролии захиравии ИМА беқурбшавии пули миллии бештари кишварҳои дар ҳоли рушд мушоҳида мешавад. Қазоқистон низ дар ин бобат истисно нест", - омадааст дар иттилоияи бонк.

Бар пояи иттилоия, тахмини бозории нархҳо ва суръати мусбати рушди иқтисод таъсири омилҳои боқимондаро камтар карда, дар натиҷа "танга дар баробари доллар зиёд қурби худро аз даст надодааст".

Ба гуфтаи бонк, бештари сармоягузорон дар пасманзари иқдомҳои ахири Низоми федеролии захиравии ИМА афзалиятҳои худро тағйир доданд.

БМҚ мегӯяд, сарфи назар аз нишонаҳои назарраси мусбат дар тавозуни савдо, ки ба афзоиши даромади содиротии сокинон рабт дорад, ҳисоби кунунии тавозуни пардохти Қазоқистон бар асоси даромади сармоягузорони хориҷӣ манфӣ боқӣ мемонад.

Имрӯз дар ҷаласаи пагоҳирӯзии "Биржаи фондҳои Қазоқистон” як доллари ИМА 349 танга муайян шудааст. Вале ба иттилои сомонаи Kurs.kz, саррофиҳои Алмато субҳи 3 август як доллари амрикоиро 351–352,5 танга харидорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG