Ссылки доступа

Русия шеваи бастани созмонҳои иҷтимоии "зиёновар"-и амрикоиро таҳия мекунад


Вазорати адлияи Русия шеваи бастани созмонҳои иҷтимоиеро таҳия мекунад, ки аз сӯи ИМА сармоягузорӣ мешаванд ва бино бар бовари мақомоти Русия, ба ин кишвар зиён мерасонанд.

Лоиҳаи ҳуҷҷати мазкур дар сомонаи расмии санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ нашр шудааст. Дар ҳуҷҷат гуфта шудааст, ки созмони иҷтимоӣ метавонад дар асоси иттилои мақомоти иҷроия, мақомоти назоратии федеролӣ ва додситонӣ "зиёновар" эътироф шавад. Муҳокимаи оммавии ҳуҷҷат то 14 август идома мекунад.

Вакили дифои созмони иҷтимоии "Агора" Рамил Ахметгалиев бар ин назар аст, ки ҳуҷҷати мазкур иқдоми ҷавобӣ ба Вашингтон дар робита ба ҳабси Мария Бутина аст. Бутина ба "фаъолияти ҷосусии ғайриқонунӣ ба нафъи Русия" айбдор мешавад.

XS
SM
MD
LG