Ссылки доступа

Зани ӯзбек дар сармоягузории ДИ айбдор мешавад


Идораи тафтишоти шаҳри Петербурги Русия як шаҳрванди Ӯзбекистонро дар интиқоли беш аз як миллион рубл ба ҳисоби гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) айбдор кард.

"Ин зан чанд рӯз пеш боздошт ва зиддаш бо банди "Сармоягузории фаъолияти террористӣ" парванда боз шудааст. Масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани ӯ баррасӣ мешавад.", - омадааст дар иттилоияи идора.

Шаҳрванди Ӯзбекистон гӯиё аз моҳи июни соли 2016 то моҳи октябри соли 2017 аз шахсони ба ДИ гаравида пул гирифта, онҳоро ба воситаи ҳисоби бонкии худ ба Туркия интиқол додааст.

"Айбдоршаванда ҷамъан ба ҳисоби ДИ беш аз 1 миллион рубл интиқол додааст", - мегӯяд Идораи тафтишотии Петербург.

XS
SM
MD
LG