Ссылки доступа

Тамоми мактабҳои Қирғизистон то охир сол ба Интернет пайваст мешаванд


Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абулғозиев 3 август дар ҷаласаи порлумон гуфт, тамоми мактабҳои ин кишвар бояд то охири соли равон ба Интернет пайваст карда шаванд.

Вай Кумитаи технологияи иттилоотӣ ва алоқаи Қирғизистонро дастур дод, ки вазифаи худро дар ин бобат "бечуну чаро" иҷро кунад. Ба гуфтаи ӯ, агар то аввали соли хониш 80%-и мактабҳо ба Интернет пайваст карда шаванд, пас то охири сол ин рақам бояд ба 100% бирасад.

Ба гуфтаи вазири маориф ва илми Қирғизистон Гулмира Қудойбердиева, дар ҳоли ҳозир, 1 ҳазору 451 мактаб ё 67%-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ин кишвар ба Интернет пайвастанд.

Дар Қирғизистон ҷамъан 2 ҳазору 200 мактаб фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG