Ссылки доступа

"Шумо 50 дақиқа гап задед, намондед мо пурсем" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Дар кадоме аз кишварҳои шӯравии пешин нақлиёти ҷамъиятӣ амнтарин аст (видео Настоящее время)

- "Тоҷикистониҳо ба Самарқанд хуш омадед. Боз биёед". Гурӯҳе аз мақомоти расмӣ ва зиёиёни Тоҷикистонро, ки ба Ӯзбекистон сафар карданд, рӯзи 3-уми август бо барномаҳои ҷолиби консертӣ дар Самарқанди бостонӣ пешвоз гирифтанд (видео)

- "Ман аз Худо илтиҷо мекунам, ки дунё ба охир нарасад". Дар идомаи сӯҳбатҳои сарироҳӣ хабарнигори Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки агар бидонанд, чанд рӯз баъд дунё ба охир мерасад, чӣ кор мекунанд (видео)

- "Шумо 50 дақиқа гап задед, намондед мо пурсем". Нишастҳои хабарии вазорату муассисаҳо поён ёфт. Аз 16-уми июл вазирону раҳбарон гузориш доданд, ки дар ним соли гузашта чӣ кор карданд. Хабарнигорон умдатан барои гирифтани посух ба суолҳои муҳим ба ин нишастҳо мераванд, вале аксаран ноумед бармегарданд. Яке аз онҳо рӯзи 2-уми август буд (видео)

- Пардохти электронии андозҳо -- на ҳама сарфаҳм мераванд. Дар Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ пардохтҳои электронии маблағи андозҳо шурӯъ шудааст, вале ба гуфтаи мақомоти ин ниҳод, андозсупорандагон то ҳол ба дурустӣ наметавонанд аз ин хизматрасонӣ истифода кунанд (видео)

- Вазир мегӯяд, онҳое, ки саҳмияҳои Роғунро доранд, бурд мекунанд. Мақомоти баландпояи Тоҷикистон мегӯянд, онҳое, ки саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғунро харидаанд, нигарон набошанд, зеро як рӯзе фоидаи онро хоҳанд дид (видео)

- Мактабхонони Остонаро либоси ягона мепӯшонанд (видео)

- Кӯдакони ятимхонаи Украина ба ваколатдори ҳуқуқи кӯдак аз бадрафторӣ шикоят карданд. Пулис баъди шикояти кӯдакони ятимхонаи вилояти Волини Украина якбора се парванда боз кард (видео аз Директ)

- Чаро дӯстони рӯзноманигори кушташуда ба шарҳи расмии фоҷиа бовар надоранд (видеои Настоящее время)

- Дар Африқо чи гуна мешавад зиндагӣ ва сарват ҷамъ кард (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG