Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон сардори захмишудаи Бюрои иҷрои ҷазо вафот кард


Сардори Бюрои иҷрои ҷазо дар ноҳияи Яккабеди Ӯзбекистон 2 август дар бемористон вафот кард. Се моҳ пеш ба ӯ як зердасташ, ки аз мақом барканор шуда буд, ҳамла кард.

Баҳром Ҷӯраев, сардори пешини Бюрои иҷрои ҷазо дар яке аз бемористонҳои шаҳри Тошканд вафот кардааст.

"Баъди он ки Баҳрои Ҷӯраев Шавкат Ибратовро аз кор барканор кард, Шавкат арақнӯшӣ карда бо корд ба утоқи сардор омад. Шавкат ба Баҳром чаҳор корд зад. Табибон барои наҷоти ӯ талоши зиёд карданд, аммо вай 2 август вафот кард", - гуфт як корманди Бюро.

Ибтидои моҳи май хабар расид, ки Шавкат Ибратов ба сардори Бюро бо корд ҳамла кардааст. Ибратов мегӯяд, ӯро бе баҳона аз мақом барканор кардаанд. Ибратов боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG