Ссылки доступа

Қазоқистон аз Русия дастрасӣ ба ГЛОНАСС-ро пайдо кард


Низомиҳои Русия ба Қазоқистон дастрасӣ ба мавҷи дақиқи ГЛОНАСС-ро доданд, ки ин мавҷ барои ҳадафҳои низомӣ истифода мешавад. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба мақомоти Қазоқистон хабар медиҳад.

Виктор Мураховский, сармуҳаррири маҷаллаи "Арсенал отечества"-и Русия мегӯяд, мавҷи ГЛОНАСС барои муайян кардани баландӣ аз сатҳи баҳр истифода мешавад.

"Ин барои муайян кардани ҷойгиршавии техникаи низомӣ, марказҳои фармондеҳӣ ва ғайра истифода мешавад", - гуфт Мураховский.

Сомонаи "Информбюро" хабар медиҳад, ки Роскосмос тасмим дошт, то охори соли 2017 дар ду шаҳри Қазоқистон - Остона ва Қизилорда - пойгоҳҳои ГЛОНАСС-ро гузорад.

Пештар аз ин Русия ба Алжир ва Ҳиндустон дастрасӣ ба ГЛОНАСС-ро дода буд.

XS
SM
MD
LG