Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон ҷазо барои тарғиби терроризм сахттар шуд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноиро имзо кардааст, ки бар асоси он барои “даъват ба терроризм” дар Интернет ва ё тарафдорӣ аз фаъолияти террористиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷазои сахт муқаррар шудааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 4-уми август бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар баробари чанд санади дигар тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноиро имзо кард, ки дар он “барои бо истифода аз интернет ба амал овардани даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.”

“Сафедкунӣ” дар санадҳои қонунии Тоҷикистон ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо "ба ин маънист, ки як нафар амалеро, ки қонун ҷиноят, меҳисобад, тарафдорӣ мекунад ва ё мегӯяд, амале, ки анҷом шудааст, кори дуруст аст ва ман тарафдори онам ва ё ба ман маъқул шуд.”

Баъди нашри Кодекси ҷиноӣ дар таҳрири нав барои чунин амал мумкин аст, фардеро барои даъвати оммавӣ барои амали террористӣ ва “сафедкунии оммавии терроризм” дар Интернет аз 10 то 15 соли зиндон маҳкум кунанд.

Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар таҳрири навро вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 13-уми июн тасвиб карданд ва ислоҳи асосӣ дар ин замина дар моддаи 179-уми кодекс аст.

Вақти муаррифии тағйирот дар кодекс Бахтовар Сафаров, гуфт, “таҷрибаи охири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо терроризм нишон дод, ки шабакаҳои иҷтимоии Вайбер, Вотсап, Вичат, Инстаграм, Одноклассники ва даҳҳои дигар ба макони таблиғу сафедкунии амалҳои террористӣ ва экстремистӣ табдил ёфтаанд.”

Дар ин кодекс омадааст, ки “зери мафҳуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи терроризм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад”.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бисёре аз онҳое, ки ба Ховари Миёна рафта ва ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ба мисли Давлати исломӣ пайвастанд, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми мубаллиғони ин гуруҳҳо афтодаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, Кодекси нави ҷиноиро 5 рӯз баъд аз он имзо кард, ки як гурӯҳе аз ҷавонон бо ҳамла ба дучархасаворони хориҷӣ 4 нафари онҳоро куштанд.

XS
SM
MD
LG