Ссылки доступа

Шумори қурбониёни заминларзаи Индонезия аз 90 нафар гузашт


Шумори қурбониёни заминларза дар ҷазираи Ломбоки Индонезия то субҳи рӯзи душанбе ба беш аз 90 нафар расид, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд. Беш аз 200 тани дигар захмӣ шуданд.

Заминларза шаби якшанбе ба душанбе рух дода, шиддати он 7 балро ташкил медод. Дар ҷазираи ҳамсоягӣ - Балӣ низ ҷунбиши замин барои чанд сония эҳсос шудааст.

Дар натиҷаи заминларза Матарам, бузургтарин шаҳри ҷазира сахт зарар дидааст. Бештари хонаҳо осеб дида, чанд ноҳияи шаҳр бе барқ монданд. Дар шимоли ҷазира чанд минтақаи аҳолинишин зарар дид.

Барои кумак ба захмиён ба Ломбок бемористони сайёр фиристода шудааст. Балӣ ва Ломбок яке аз минтақаҳои маъруфи истироҳатӣ ва саёҳӣ ҳастанд. Бино ба хабарҳо, аллакай сайёҳон ин минтақаҳоро тарк мекунанд.

Ҳафтаи гузашта низ дар Ломбок замин 6,4 дараҷа ларзида буд. Он замон дар натиҷаи заминҷумбӣ 17 одам ҷон дода, беш аз сад кас захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG