Ссылки доступа

"Билайн" дар баҳси додгоҳӣ бо Кумитаи андоз "мағлуб" шуд


Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баҳси ширкати мобилии "Билайн" ва Кумитаи андозро ба фоидаи ахирӣ ҳал кардааст. Даъвои андоз бо ин ширкати мобилӣ аз оғози соли равон бар сари ҷаримабандии нодуруст идома дошт ва ахиран додгоҳ Кумитаи андозро ҳақ баровард.

Як мақом дар Додгоҳи олии иқтисодӣ 6 август гуфт, баҳси ширкати "Билайн" бо Кумитаи андоз бар сари ҷаримабандии ин ширкати мобилӣ буд.

Ба қавли манбаъ, Кумитаи андоз дар пайи як санҷиш, ҶДММ "Таком"-ро, ки таҳти бренди "Билайн-Тоҷикистон" фаъолият мебарад, дар ҳаҷми 51 миллиону 144 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Аммо ба қавли ин масъули Додгоҳи олӣ, ширкати "Билайн" аз ин қарори Кумитаи андоз норозигӣ карда барои бекор кардани он нахуст ба Додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда буд.

"Ширкати "Билайн" аз суд талаб кард, ки қисми якуми қарори раиси Кумитаи андоз дар бораи ҷаримабандии ин ширкат бекор шавад. Аммо Суди иқтисодии Душанбе ин даъворо рад кард ва "Билайн" аз болои он ба Суди олии иқтисодӣ муроҷиат намуд",-афзуд манбаъ.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, Додгоҳи олии иқтисодӣ низ қарори зинаи аввалро дастгирӣ карда, қазияро ба фоидаи Кумитаи андоз ҳал намуд. Дар Додгоҳи олии иқтисодӣ мегӯянд, баҳс ҳаматарфа омӯхта шуда, бар асоси далелҳои пешниҳодшуда қарор содир кардааст.

имнан, ин аввалин маротиба нест, ки Кумитаи андози Тоҷикистон ширкатҳои мобилро ба додгоҳ кашонда, онҳоро миллионҳо сомонӣ ҷарима мебандад. Аз ҷумла соли 2016 Кумитаи андоз ширкати "Билайн"-ро бо иттиҳоми напардохтани молиёт дар ҳаҷми 151,3 миллион сомонӣ ҷарима кард ва баҳс ба фоидаи давлат ҳал шуд.

Ин қарор, ба гуфтаи ширкати мухобиротӣ, оғози таназзули ширкат гардид. Дар як изҳороташ "Билайн" гуфт, соли 2016 дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 73 миллион доллар андоз супурда, танҳо 68 миллион доллар фоида дидааст.

Мақомоти андоз дар Тоҷикистон дар соли 2016 дар маҷмӯъ се ширкати мухобиротиро ба пардохти андозҳои ҳангуфт муваззаф карданд. Дар баробари талаби пардохти 151,3 миллион сомонӣ аз "Билайн", ширкати "Мегафон" ба пардохти 155 миллион сомонӣ ва "Тселл" ба 155 миллион сомонӣ ҷарима вазифадор шуданд.

XS
SM
MD
LG