Ссылки доступа

Дар марзи Қирғизистону Қазоқистон сӯхтори чарогоҳе як ҳафта давом дорад


Дар ноҳияи Манаси вилояти Таласи Қирғизистон сар аз 5 август ба ин тараф чарогоҳе месӯзад. Сӯхтор дар қитъаи "Лагер" дар марз бо Қазоқистон идома дорад.

Ба иттилои мақомот, оташсӯзӣ ҳанӯз 28 июл шуруъ ва 4 август хомӯш карда шуд. Аммо бегоҳи 5 август дубора авҷ ва наздики 2 ҳазор га заминро фаро гирифт.

Барои хомӯш кардани оташ хадамоти оташнишонии чанд ноҳия сафарбар шудааст. Кормандони пулис, хоҷагии ҷангал, литсейи техникӣ ва наздики 200 сокини маҳаллӣ дар хомӯш кардани оташ кумак мекунанд.

Сар аз 1 август дар ноҳияи Манас ҳолати фавқулода эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG