Ссылки доступа

Дар Қазоқистон масъулони маҳбас бо айби шиканҷа зиндонӣ шуданд


Муттаҳамони шиканҷа дар маҳбаси вилояти Қарағандаи Қазоқистон зиндонӣ шуданд.

Бо ҳукми додгоҳ, ёвари сардори маҳбаси мазкур Баурбек Шотаев ва Виталий Заретский, як масъули дигари маҳбас бо моддаи барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ, ки боиси марги одам шудааст, 7-солӣ зиндонӣ шуданд.

Бино бар иттилои тафтишот, Виталий Заретский 11 марти соли 2017 дастур додаст, ки Валерий Чупинро ба отряди дигар интиқол ва "ҷазо" диҳанд. Валерий Чупин гӯиё нисбати омӯзгори зиндон бадрафторӣ кардааст. Он рӯз чанде аз зиндониён Чупинро латту кӯб ва ба баданаш барқ монданд. Чупини маҷруҳро ба бемористон бурданд ва вай як рӯз баъд вафот кард.

Сардори отряд Тимур Қирбоев 10 сол ва панҷ маҳбуси дигар 8-солӣ ҳукми иловагӣ гирифтанд.

XS
SM
MD
LG