Ссылки доступа

Вазир гуфт, соҳибони саҳмияҳои Роғун бурд мекунанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- "Тоҷикистониҳо ба Самарқанд хуш омадед. Боз биёед". Гурӯҳе аз мақомоти расмӣ ва зиёиёни Тоҷикистонро, ки ба Ӯзбекистон сафар карданд, рӯзи 3-уми август бо барномаҳои ҷолиби консертӣ дар Самарқанди бостонӣ пешвоз гирифтанд (видео)

- "Ман аз Худо илтиҷо мекунам, ки дунё ба охир нарасад". Дар идомаи сӯҳбатҳои сарироҳӣ хабарнигори Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки агар бидонанд, чанд рӯз баъд дунё ба охир мерасад, чӣ кор мекунанд (видео)

- "Шумо 50 дақиқа гап задед, намондед мо пурсем". Нишастҳои хабарии вазорату муассисаҳо поён ёфт. Аз 16-уми июл вазирону раҳбарон гузориш доданд, ки дар ним соли гузашта чӣ кор карданд. Хабарнигорон умдатан барои гирифтани посух ба суолҳои муҳим ба ин нишастҳо мераванд, вале аксаран ноумед бармегарданд. Яке аз онҳо рӯзи 2-уми август буд (видео)

- Пардохти электронии андозҳо -- на ҳама сарфаҳм мераванд. Дар Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ пардохтҳои электронии маблағи андозҳо шурӯъ шудааст, вале ба гуфтаи мақомоти ин ниҳод, андозсупорандагон то ҳол ба дурустӣ наметавонанд аз ин хизматрасонӣ истифода кунанд (видео)

- Вазир гуфт, соҳибони саҳмияҳои Роғун бурд мекунанд. Мақомоти баландпояи Тоҷикистон мегӯянд, онҳое, ки саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғунро харидаанд, нигарон набошанд, зеро як рӯзе фоидаи онро хоҳанд дид. (видео)

- Ҳавопаймоҳо қабл аз оғози таҳрим ба Эрон расиданд. 4 август 5 ҳавопаймои истеҳсоли Фаронсаву Италия ба Эрон расиданд. Ҳавопаймои мусофирбари АТР 72-600 дар шаҳри Орумия ба замин нишастанд. (видео)

- "Дарёфти шаҳрвандии Қирғизистонро орзу дорем". Филми "Азаттик" дар бораи паноҳандагон дар Қирғизистон мақоми севуми озмуни намояндагии СММ дар ин кишварро соҳиб шуд. (видео)​

- Жениш: Муҳоҷирон Қирғизистонро рушд медиҳанд. Жениш Исамамбетов дар як корхонаи шаҳри Асани Куриёи Ҷанубӣ кор мекунад. Ӯ дар онҷо оила барпо карда, вале мехоҳад, дар Қирғизистон тиҷораташро ба роҳ монад. (видео).

- Дар кадоме аз кишварҳои шӯравии пешин нақлиёти ҷамъиятӣ амнтарин аст (видео Настоящее время)​

- Мактабхонони Остонаро либоси ягона мепӯшонанд (видео)​

- Дар Африқо чи гуна мешавад зиндагӣ ва сарват ҷамъ кард (видеои Настоящее время)​

- Размоиши муштарак дар баҳри Каспий. Дар Актау 3 август размоиши муштараки наҷотдиҳандагони кишварҳои назди баҳри Каспий ба поён расид. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG