Ссылки доступа

Дар соли гузашта 31 шаҳрванди Қирғизистон аз асорати Туркия раҳо шуданд


Дар Туркия дар соли 2017 303 шаҳрванди хориҷӣ аз асорат раҳо карда шуданд. 86 тан аз ин афрод шаҳрвандони Сурия, 31 тан аз Қирғизистон ва 25 аз Марокаш будаанд.

Ба иттилои Сарраёсати хадамоти муҳоҷирати Туркия, шаҳрвандони хориҷиро ваъдаи кор дар шаҳрҳои калоне амсоли Анталия, Истамбул ва Анқара фирефта мекунад. Давоми се соли охир 642 шаҳрванди хориҷӣ, ки аз ин шумор 460 танашон занҳо будаанд, ба ваъдаҳои бепоя фирефта шудаанд.

Дар идораи муҳоҷирати Туркия бештар аз 19 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон сабти ном шудаанд. Аксари шаҳрвандони Қирғизистон дар Истамбул, Анқара, Анталия, Измир ва шаҳрҳои бузурги дигари Туркия кор ва иқомат мекунанд.

XS
SM
MD
LG