Ссылки доступа

Конгресси ИМА буҷаи низомии соли 2019-ро 2% бештар кард


Конгресси ИМА дар муҳлати рекордӣ буҷаи бахши мудофиаро барои соли 2019 қабул ва барои имзо ба президент ирсол кард. Дар ин буҷа харҷи низомӣ 2 дарсад бештар ва афзоиши шумори неруҳои низомӣ 15600 ҳазор нишон дода шудааст.

Дар ҳуҷҷат маблағгузории чорабиниҳои низомӣ дар Афғонистон, Сурия, Яман, Ироқ, Нигер, Либия ва Сомалӣ низ ба эътибор гирифта шудааст.

Конгресс дархости буҷаи вазорати мудофиаи ИМА-ро густариш дода, як киштии ҳавопаймобари дигарро илова кардааст. Флот барои сохтмони 13 киштии нав маблағ дарёфт кард. Ҷудо кардани 6,3 миллиард доллар барои густариши мудофиаи кишварҳои ҳамсарҳад бо Русия пешбинӣ шудааст. Ба ҷуз ин, ба Пентагон дастур шудааст, ки имкони ҷойгир кардани низомиҳои амрикоиро дар Лаҳистон ба таври мудовим, баррасӣ кунад.

Қонунгузорон маҳдудияти содироти технологияи дорои аҳамияти ҳам низомӣ ва ҳам шаҳрвандиро ба Чин сахттар карданд. Буҷаи бахши мудофиа бо раъйи аксарияти ҳар ду палатаи Конгресс қабул шуд.

XS
SM
MD
LG