Ссылки доступа

Шикояти сарвазири пешини боздоштшудаи Қирғизистон ба Додситонии кул


Сарвазири пешини Қирғизистон Сарфар Исҳоқов мегӯяд, зери фишору таҳдиди маъмурони амниятии кишвараш қарор дорад. Ӯ аз Додситонии кулли Қирғизистон хост, ин қазияро тафтиш кунад.

Дар ин бора намояндаи ҷиноҳи ҲСДҚ Кундуз Жолдубоев хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, муроҷиатномаи Исҳоқов 6 август ба Додситонии кулли Қирғизистон ирсол шудааст.

"Исҳоқов аз додситонӣ хост, таҳдиди маъмурони Кумитаи амнияти Қирғизистон ба ӯ санҷида шавад. Чанд ҳафта пеш як корманди кумита бо номи Илим ба Исҳоқов пешниҳод кард, ки аз хизматрасонии вакили дифоъ Токтакунов даст кашад. Чун дар сурати ғайр, зиддаш як парвандаи дигар боз хоҳанд кард. Исҳоқов ин пешниҳодро рад карда, ба воситаи вакили дифоъ онро оммавӣ кард", - изҳор дошт Жолдубекова.

Пештар худи Нурбек Токтакунов низ гуфт, ба нафари таҳти ҳимояти ӯ фишор меоранд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон изҳороти Токтакуновро "дурӯғ" ва "таблиғ" номид.

КДАМ 5 июн Сафар Исҳоқовро дар доираи парвандаи "Навсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек" боздошт кард. Ӯро ба он айбдор карданд, ки "дар давраи роҳбарии шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президент буданаш манфиатҳои ширкати хориҷиро ҳимоят кардааст".

Исҳоқов ин айбҳоро рад мекунад. Вай дар ҳоли ҳозир муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон аст.

XS
SM
MD
LG