Ссылки доступа

Парвандаи чандин гумонбар дар таҷовузи кӯдаки қазоқро қатъ кардаанд


Додситонии кулли Қазоқистон иттилоъ дод, ки санҷиши парвандаи таҷовузи эҳтимолии як писарбача дар деҳаи Абайи Туркистон (Қазоқистони Ҷанубии пешин) ба поён расид.

Ба огаҳи додситонӣ, парвандаи ҷиноӣ зидди се гумонбар қатъ шудааст, чун синни онҳо ҳангоми ҷиноят аз 14 - синни ҷавобгарии ҷиноӣ барои хушунати ҷинсӣ - поин будааст. Гумонбари чаҳорум ба озору азияти ҷинсии ноболиғ айбдор карда мешавад.

Дар доираи тафтишот 18 ташхису санҷиш гузаронида шуда, дар рафти онҳо бо дархости ҷониби ҷабрдида мутахассисони хориҷӣ аз Қирғизистон, Русия ва Гурҷистон иштирок доштанд.

Дар бораи эҳтимоли таҷовуз шудани писарбачаи ноболиғ дар Абай миёнаҳои моҳи март хабар дода шуд. Сокини 60-солаи маҳаллӣ Шарифа Ботирбекова гуфт, аз моҳи августи соли гузашта ба ин сӯ, набераи ӯро борҳо латтукӯб ва таҷовуз карданд. Вале кормандони пулис, танҳо аризаи севуми вайро қабул карданд.

Ин ҳодиса баҳсҳои тундеро дар ҷомеаи Қазоқистон ба бор оварда, ба барканории чанд мансабдор сабаб шуд.

XS
SM
MD
LG