Ссылки доступа

Туркманистон ба "Амул-Хазар-2018" ҷиддан омода мешавад


Туркманистон омодагӣ ба мусобиқаи байналмилалии мошинронии "Амул-Хазар-2018"-ро, ки қарор аст, миёнаҳои мо сентябр дар ин кишвар баргузор кунад, пурзӯр кард. Созмондиҳандагони чорабинӣ 5 август дар як нишасти хабарӣ дар ин бора ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд.

Чорабинии омодагӣ ба мусобиқаи мазкур дар пасманзари хабарҳо дар бораи қатъи ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Ишқобод-Дашоғуз, масири мусобиқа, ихроҷи дастаҷамъии муҳоҷирони корӣ аз пойтахти Туркманистон баргузор шуд.

Раҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Туркманистон ба рӯзноманигорон аз рафти омодагиҳо ба "Амул-Хазар-2018" хабар дода, гуфт, ин мусобиқа бо ташаббуси президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор мешавад ва навореро аз ҷараёни рақобатҳои интихобӣ ва санҷишӣ бо иштироки худи Бердимуҳаммадов намоиш доданд.

Ба гуфтаи ташаббускорон, мусобиқа аз самти шарқ ба ғарби Туркманистон, дар масири пешини Роҳи бузурги абрешим баргузор хоҳад шуд. Масири мусобиқа, ки ба воситаи минтақаҳои саҳроӣ мегузарад, 1500 километр дароз аст.

Мусобиқаи байналмилалии мошинронии "Амул-Хазар-2018" рӯзҳои 9-14 сентябр дар Туркманистон баргузор шуда, ба навиштаи расонаҳои расмӣ, яке аз ҳадафҳои он намоиши симои нави Туркманистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Бердымухамедов снова в гонках победил
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:09 0:00

XS
SM
MD
LG