Ссылки доступа

Хатсайри севум аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон. "Сомон Эйр" ба Бухоро роҳ кушод


Ширкати "Сомон Эйр" рӯзи 6-уми август нахустин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Бухороро анҷом дод ва ин сеюмин парвозе шуд, ки Тоҷикистонро бо Ӯзбекистон мепайвандад.

Мусофирон мегӯянд, арзиши билети Душанбе-Бухоро 485 сомонӣ ва ё 51 доллар буда, гаронтар назар ба арзиши хатсайри Душанбе-Самарқанд аст. Арзиши билет ба самти Самарқанд тавассути ширкати "Тоҷик-эйр" ҳафтаи гузашта 300 сомонӣ ё 33 доллар, муқаррар шуда буд.

Ба гуфтаи мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон, иртиботи ҳавоӣ бо шаҳрҳои Ӯзбекистон бо танҳо Душанбе маҳдуд намешавад ва сокинони вилояти Хатлон ҳам базудӣ метавонанд аз фурудгоҳҳои Бохтару Кӯлоб ба Ӯзбекистон сафар кунанд.

Дилфуза Ҳикматоваи 35-сола, як сокини Бухоро яке аз мусофирони хатсайри нахустин буд. Ӯ мегӯяд, ду ҳафта пеш бо се фарзанди хурдсолаш барои аёдати падар ба Душанбе омад ва ҳамакнун дар бозгашт на аз роҳи заминӣ, балки тавассути ҳавопаймо ба Бухоро бармегардад. Вай гуфт, ки омаду рафт бо мошин тӯли солҳои ахир барояш душвор буд.

Зимнан, рӯзи 28-уми июл ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр" нахустин парвози ҳавопаймо миёни Душанбе ва шаҳри Самарқандро анҷом дод ва эълон кард, ки нархи билет дар ин масир ҳамагӣ 300 сомонӣ аст. "Сомон Эйр" низ ҳафтае қабл парвозҳо ба шаҳри Тошкандро шурӯъ кард, вале нархи билет дар ин масир беш аз 680 сомонӣ мебошад. Субҳон Ҷӯраев, муовини аввали раиси ширкати "Сомон Эйр" бар ин назар аст, ки бо бештар шудани теъдоди мусофирон дар масирҳои Ӯзбекистон, қимати билети парвоз коҳиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG