Ссылки доступа

Ҳамлагари Сулаймон Саидов 10,3 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи ҳакамии ноҳияи Черемушкинскии шаҳри Маскав марди ҳамлагар ба шаҳрванди Тоҷикистонро гунаҳгор эътироф кард.

Сергей Тсареви 61-сола, ки дар як ҳодисаи ду соли пеш дар дохили метрои Маскав ба Сулаймон Саидов, шаҳрванди Тоҷикистон тир холӣ карда буд, ба 10 солу се моҳи зиндони низомаш сангин маҳкум шуд. Додгоҳи ҳакамӣ, ки аз шаш нафар иборат буд, гуфт, ки марди ҳамлагар сазовори ҳукми сабуккунанда нест.

Ҳукми Тсарев рӯзи 4 август содир шуд. Мурофиаи додгоҳӣ мушаххас кард, ки дар ҳодисаи соли 2016 Тсарев аз тапончаи навъи «ОСА» ба ноҳияи сар ва бадани мусофири барои ӯ ношинос тир холӣ кард. Дар натиҷа, Саидов осебҳои мухталифи ҷисмонӣ гирифт ва ҳамчунин аз як чашмаш маҳрум шуд. Додгоҳ гуфт, ки Тсарев ин ҳамларо дар ҳолати мастӣ анҷом додааст.

Сергей Тсарев рӯзи 8-уми апрели соли 2016 дар метрои шаҳри Маскав ба Сулаймон Саидов ва ҷияни ӯ дарафтода ва ба онҳо гуфтааст, ки дар Русия барои онҳо ҷой нест. Ба гуфтаи худи Сулаймон сипас дар дохили қатори метро аслиҳаи пневматикиашро кашида ва се дафъа ба сару рӯи ӯ тир андохтааст. Ба гуфтаи Сулаймон Сергей Тсарев маст буд ва ба маҳзи ворид шудан ба вагон, бо ҷияни ӯ Муҳаммадҷон Ҳакимов вориди моҷаро шуд, ва таҳдид кард, ки "баъд аз се дақиқа кушта мешавед ".

Сулаймон: "Русский мужчина был пьян и угрожал убить нас "
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:05:13 0:00

Мушкили ба ҷавобгарӣ кашидани Тсарев аз он ҷо шурӯъ шуд, ки бо як қарори додгоҳи шаҳри Маскав дар моҳи феврали соли 2017, омили ҳамлаи бераҳмона ба ҷавони тоҷик дар метрои Маскав “девона” унвон шуд ва аз ин сабаб додгоҳ хост, ки ӯро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кунанд.

Сергей Шишов, вакили дифои муҳоҷири тоҷик Сулаймон Саидов, рӯзи 26-уми феврали соли 2017 гуфта буд, дар муҳокимаи додгоҳии рӯзи 17-уми феврал, даъвои онҳо дар бораи ба зиндон кашидани Сергей Тсарёвро қонеъ накард ва амр дод, ки ӯ дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ монда, муолиҷа бигирад. Сулаймон Саидов ва вакили дифоаш гуфтанд, ки Сергей Тсаревро ба додгоҳи шаҳрвандӣ кашида ва аз ӯ зарари моддиву маънавӣ ва хароҷоти муолиҷаи Сулаймонро талаб мекунанд. Ҳаҷми ҷуброн мумкин аст, садҳо ҳазор рубли русиро ташкил намояд.

XS
SM
MD
LG