Ссылки доступа

Худкушии қотили сардори Раёсати дидбонии ВКД Ӯзбекистон


Шахсе, ки сардори Раёсати дидбонию ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон Дилшод Акрамовро кушт, худкушӣ кардааст.

Дар ин бора наздикони Акрамов ва мансабдорони баландпояи ВКД Ӯзбекистон ба шарти ифшо нашудани номашон хабар доданд. Акрамовро 4 август бо зарби корд дар маҳалли кораш ба қатл расонда буданд.

Як мақоми баландпояи ВКД Ӯзбекистон гуфт, Акрамовро зертобеаш куштааст. Ба гуфтаи ӯ, онҳо як баҳси хусусӣ доштаанд.

Як ҳамсуҳбати мо, ки худро хеши Акрамов номид, гуфт, қотили сардори Раёсати дидбонию ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ "шогирд"-и вай буд. "Ӯ ба утоқи кории Акрамов даромада, нахуст ба рӯяш кислота мепошад ва баъдан ба баданаш чанд корд мезанад", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи вай, қотил низ дар натиҷаи ҳамла ба Акрамов захмӣ шудааст. "Акрамов низ тавонистааст, қотилро 2-3 корд занад. Қотил ҳангоми фирор дастгир карда шуд. Вале дар беморхона худро аз панҷара ба замин партофт", - изҳор дошт манбаъ.

XS
SM
MD
LG