Ссылки доступа

Қирғизистон муваққатан фурӯшгоҳҳои силоҳро мебандад


Дар Қирғизистон аз 10 август то аввали моҳи сентябри соли равон фурӯшгоҳҳои силоҳро мебанданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон иттилоъ дод.

Ин тасмим дар робита ба баргузории 3-умин Бозиҳои ҷаҳонии бузкашӣ аз 2 то 8 сентябр ва саммити Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон, ки 3 сентябр баргузор хоҳад шуд, гирифта шудааст.

Бино ба хабарҳо, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои мазкур силоҳҳои шикории сокинон ҳам мусодира хоҳад шуд. Дар Қирғизистон даҳҳо фурӯшгоҳи силоҳи шикорӣ фаъолият мекунад.

Ҳамчунин ВКД Қирғизистон аз сокинон даъват кардааст, ки агар силоҳ ё лавозимоти ҷангие доранд, бо хоҳиши худ супоранд. Ба гуфтаи вазорат, аз 1190 дона силоҳе, ки дар натиҷаи ҳаводиси соли 2010 гум шуда буданд, танҳо 555 донаи онҳо (46,6%) дарёфт шудааст.

XS
SM
MD
LG