Ссылки доступа

Зане, ки 10 мардро олудаи СПИД кард, 1 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи ноҳияи Шаҳритус як зани муттаҳам ба паҳн кардани бемории ВИЧ СПИД-ро як сол зиндонӣ кард. Ин зан дар оғози моҳи майи соли ҷорӣ боздошт ва парвандаи ӯ дар авоили моҳи июл ба додгоҳ фиристода шуда буд.

Ҳукми додгоҳ дар нисбати ин зан ҳафтаи гузашта содир шудааст. Ин зан, ки тафтишот аз ӯ А.З ном мебарад ва ному насабаш ба далелҳои қонунӣ ифшо намешавад, ба он муттаҳам аст, ки бо вуҷуди онки медонист ба бемории вируси норасоии масунияти бадан гирифтор аст, бо чанд мард ҳамхоба шудааст.

Аз додгоҳи ноҳияи Шаҳритус рӯзи 7-уми август гуфтанд, А.З дар баёнияи худ навиштааст, ки дигар ба танфурӯшӣ даст намезанад ва аз кардааш пушаймон шудааст ва бинобар ҳамин, додгоҳ бо дарназар гирифтани вазъи хонаводагӣ, дар нисбати ӯ ҳукми сабуктаре содир кардааст.

Умед Каримзода, додситони ноҳияи Шаҳритус рӯзи 7-уми август гуфт, айбдоркунандаи давлатӣ дар оғоз ду соли маҳкумият аз озодиро барои А. З пешниҳод карда буд, вале додгоҳ бо назардошти пушаймонӣ, ӯро барои як сол равонаи зиндон кард: "Додгоҳ баррасӣ кард, як сол аз озодӣ маҳрум намуд, ҳамин модда аз 2 то 5 сол пешбинӣ мекунад, вале пушаймонӣ аз кирдорашро ба инобат гирифтанд."

Зане, ки ба паҳн кардани беморӣ муттаҳам мешавад, соҳиби ду фарзанд аст ва ҳамаи "мизоҷонаш" сокинони Шаҳритус будаанд. Ӯ баъди ҷудоӣ аз шавҳар ба танфурӯшӣ шурӯъ карда ва аз соли 2014 расман ба ҳайси гирифтори бемории норасоии масунияти бадан сабти ном шудааст. Маълум нест, худи ин зан аз кӣ сироят шудааст.

XS
SM
MD
LG