Ссылки доступа

Ба миллионери ӯзбек иҷозат надоданд, вориди Ӯзбекистон шавад


Ба зодаи Ӯзбекистон Бобур Ҳасан, ки айни ҳол шаҳрвандии Амрикоро дорад, иҷозат надоданд, вориди Ӯзбекистон гардад. Дар ин бора вай дар саҳифаи Фейсбук хабар дод.

Ба гуфтаи Бобур Ҳасан, 3 август вай аз ИМА тавассути Москва ба Тошканд парвоз кард. Аммо марзбонони ӯзбек иҷозат надоданд, ки вай вориди Ӯзбекистон шавад.

Ҳасан мегӯяд, тасмим дошт дар иқтисоди Ӯзбекистон наздики 50 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.

Ба гуфтаи вай, мақомоти Ӯзбекистон ба лоиҳаҳояш таваҷҷуҳ зоҳир карданд, аммо давоми 7-9 моҳ ба ӯ виза надоданд.

Вай навишт, ки ҳамакнун қасд дорад, тарҳҳояшро дар Қазоқистон амалӣ кунад.

XS
SM
MD
LG