Ссылки доступа

Дар муҳокимаи додгоҳии Манафорт низоми пулшӯӣ тариқи Украина садо дод


Шарики қадимии тиҷории Пол Манафорт, роҳбари пешини ситоди интихоботии Доналд Трамп, дар додгоҳ гуфт, ки вай чи гуна ба Манафорт кумак кард, то миллионҳо доллари аз муштариҳои украинаш дарёфтаро пинҳон кунад.

Рик Гейтс, шарики Манафорт рӯзи 6 август бори аввал дар муҳокимаи парвандаи Манафорт шоҳидӣ дод. Ба гуфтаи Гейтс, тоҷирони сарватманди украин ба Манафорт барои машваратҳои сиёсиаш миллионҳо доллар пардохт кардаанд. Ин маблағҳо ба суратҳисобҳои Манафорт дар Кипр интиқол дода шуданд.

Ба гуфтаи додситонҳо, Манафорт барои кори худ дар Украина ҳудуди 60 миллион доллар музд гирифта, онҳоро дар онҷо дар ҳисобҳои оффшорӣ нигаҳ дошта, аз андоз пинҳон кардааст.

Гейтс ҳангоми додани шоҳидиаш дар додгоҳ афзуд, Манафорт ба вай гуфтааст, тоҷирони украин дастур додаанд, ки дар Кипр суратҳисоб боз кунад. "Бо хоҳиши Манафорт мо иттилоъ дар бораи суратҳисобҳои бонкиро ошкор накардем". Гейтс низ дар ситоди интихоботии Трамп фаъолият мекард.

Дар ИМА зидди Манафорт чанд айб, аз ҷумла созишҳо барои пулшӯӣ ва фиреби Иёлоти Муттаҳида эълом шудааст. Ҳеч кадом аз ин айбҳо ба қазияи дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 рабт надоранд.

Манафорт яке аз гумонбарони аслӣ дар доираи тафтиши дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии ИМА аст. Ин тафтишотро додситони махсус Роберт Мюллер пеш мебарад. Додгоҳ моҳи июн Манафортро ҳабс кард. Трамп тафтишоти зидди раҳбари пешини ситоди интихоботии худро "шикори ҷоду" номид.

XS
SM
MD
LG