Ссылки доступа

Хадамоти алоқа: Корҳои профилактикӣ дар хатҳои Интернет чанд рӯз идома мекунад


Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар рӯзи сеюми мушкили дастрасӣ ба Интернет сабабҳои ин ҳолатро шарҳ дод.

Масъулини Хадамот мегӯянд, дар паи "корҳои профилактикӣ дар хатҳои Интернет" мушкили дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонӣ эҷод шудааст. Ин дар ҳолест, ки тӯли се рӯзи ахир истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон аз суръати паст ва дастнорас будани бархе сомонаҳо, аз ҷумла вебсайти "Радиои Озодӣ", шикоят мекунанд.

Тоҳир Ёқубов, як масъули Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот, ниҳоди зертобеи Хадамоти алоқа мегӯяд, феълан "барои мутобиқгардонии хатҳои Интернет корҳои профилактикӣ" бурда истодаанд.

Ёқубов гуфт, корҳои таъмирӣ ё профилактикии онҳо то чанд рӯзи дигар давом меёбад ва то он вақт мушкили дастрасӣ ба Интернет боқӣ хоҳад монд.

Мушкили дастрасӣ ба Интернет ва масдуд шудани бархе сомонаҳои хабаррасони мисли "Радиои Озодӣ" ва "Азия-Плюс" аз охири ҳафтаи гузашта шуруъ шуд. Аллакай рузи якшанбеи 5 август истифодабардагон аз дастнорас шудани бархе шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди Фейсбук ва паёмрасонҳо шикоят карданд. Дар ин миён дастрасӣ ба бархе сомонаҳои хабарӣ ҳам масдуд шуд ва танҳо бо қулфшиканҳо ворид шудан ба он имконпазир аст.

Ширкатҳои таъминкунандаи Интернет мушкил дар ин самтро тасдиқ карда, аммо мегӯянд, ин ҳолат аз онҳо бастагӣ надорад. Чанде аз ин ширкатҳо тариқи паёмак муштариёни худро аз вазъи пешомада огоҳ кардаанд. Азҷумла, ширкати Тселл ба муштариёни худ гуфтааст, дастрасӣ ба бархе аз паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба сабаби корҳои фаннӣ дар провайдерҳои интернетӣ муваққатан қатъ шудааст.

XS
SM
MD
LG