Ссылки доступа

Сӯхтор дар марзи Қирғизистону Қазоқистонро беш аз 650 нафар хомӯш месозанд


Сӯхтори чарогоҳи Алмалуу дар вилояти Таласи Қирғизистон то ба марзи Қазоқистон низ расид. Бо алангаи оташ аз ҷониби Қирғизистон 500 нафар ва аз ҷониби Қазоқистон ҳудуди 150 кас мубориза мебаранд.

Ба огаҳии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон, Қазоқистон ба хомӯшсозии сӯхтор як чархболро низ сафарбар кардааст. Бино ба иттилои ахир, масоҳати сӯхтор дар ҳудуди Қирғизистон қариб ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Дар чарогоҳи Алмалуу дар ноҳияи Манаси вилояти Талас аз шаби 5 август ба ин сӯ сӯхтор идома дорад. Сӯхтор дар деҳаи "Лагер"-и Қирғизистон, ҳаммарз бо Қазоқистон ба амал омадааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон мегӯяд, дар чарогоҳи мазкур сӯхтор ҳанӯз 28 июл ба амал омада буд ва 4 август тавонистанд онро хомӯш созанд. Вале 5 август дар масоҳати тақрибан 2 ҳазор гектар сӯхтор дубора сар задааст.

Барои хомӯшсозии он тамоми кормандони оташнишонии навоҳии Талас сафарбар шудаанд. Дар ноҳияи Манас аз 1 август ҳолати изтирорӣ эълом гаштааст.

XS
SM
MD
LG