Ссылки доступа

Маск омода аст, дар сурати ба $420 расидани як саҳмияи Тесла, ширкатро аз биржа хориҷ кунад


Илон Маск
Илон Маск

Илон Маск мегӯяд, дар сурати расидани арзиши як саҳмияи ширкати Tesla ба $420 эҳтимол аст, он аз як корхонаи ҷамъиятӣ ба хусусӣ табдил ёбад. Ӯ дар ин бора дар Твиттер хабар дод. "Сармоягузорӣ таъмин шуд", - навишт вай.

Изҳороти Маск ба 6,5% боло рафтани арзиши саҳмияҳои Tesla сабаб шуда, қимати як саҳмияи он аз $363 гузашт. Илон Маск дар ҳоли ҳозир, 22 дарсади саҳмияҳои ширкати мазкурро дар ихтиёр дорад.

Рӯзи сешанбе маълум гашт, як бунёди Арабистони Саудӣ, ки аз сӯи валиаҳди ин кишвар Муҳаммад ибни Салмон идора мешавад, саҳми худро дар ширкат аз 3 то ба 5 дарсад, ҳудуди ду милиард доллар, афзоиш додааст.

Tesla яке аз ширкатҳои бонуфузи амрикоиест, ки бо истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва дастгоҳҳои захираи нирӯи барқ машғул аст. Он соли 2003 таъсис ёфта, ба номи муҳандиси маъруфи нирӯи барқ ва физика Никола Тесла гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG