Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон бори аввал парвандаи қатли варзишкор Денис Тенро шарҳ доданд


Калмухамбет Қосимов, вазири корҳои дохилии Қазоқистон дар як нишасти хабарӣ марги варзишкор Денис Тенро шарҳ дод.

Қосимов 7 август ҷузъиёти боздошти нафари севуми гумонбари қатли Тенро шарҳ дод.

"Инҳо кӣ буданд? Онҳо аз дигар минтақа омадаанд. Яке аз вилояти Ҷамбил, дувумӣ аз Қизилорда. Севумӣ як зан аст, ки ӯ низ аз вилояти Ҷамбил аст, дар ҳамон вилоят кор мекунад. Онҳо мулоқот карда, дуздии оинаҳои паҳлуии мошинҳоро шуруъ карданд", - гуфт вазир.

Нафари севум Жанар Толибоева аст, ки ӯро 25 июл боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабс гирифтанд.

Қосимов ҳамчунин дар бораи мулоқот бо хонаводаи Денис Тен хабар дод. "Мо ҳама аз марги Денис андуҳгинем. Бисёре аз шумо огоҳ нестед, аммо вай барои мо бегона набуд. Солҳои 2011-2012 дар Гвардияи миллӣ хизмат карда буд. Фурсат ёфта варзишкорони моро таълим медод", - афзуд вазир.

Денис Тен 19 июл дар шаҳри Алматои Қазоқистон аз зарби корд кушта шуд.

XS
SM
MD
LG