Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон гунаҳкорони хушунат дар ятимхонаро зиндонӣ карданд


Додгоҳи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ҳукми мудири пешин ва кормандони ятимхонаи рақами 1-ро дар шаҳри Марғелон эълон кард.

Онҳо дар дуздии маблағҳои давлатӣ ва созмонҳои хориҷӣ, хушунати ҷисмонӣ ва ҷинсии тарбиятгирандагон айбдор мешуданд. Муҳокимаи парвандаи онҳо 7 август ҷамъбаст шуд.

Камол Яқубов, мудири пешин ва муовини вай Собирҷон Усмонов бо моддаҳои "Хунукназарӣ", "Дуздӣ тавассути азхудсозӣ ё исрофкорӣ", "Маҷбурсозии занон ба исқоти ҳамл" айбдор ва чаҳорсолӣ зиндонӣ шуданд. Ба ҷуз ин, додгоҳ ҳашт корманди дигари ятимхонаро аз 3 то 3,6 сол зиндонӣ кард.

Хабар дода мешавад, ки мураббиён ва парасторон тарбиятгирандагони аз 3 то 7-соларо мудовим латту кӯб мекардаанд.

"Ба ҷуз ин, дар ҷараёни тафтишот муайян шуд, ки тарбиятгирандаи ноболиғ аз мураббӣ ҳомиладор шудааст. Дар натиҷа мураббӣ дар якҷоягӣ бо табиб тарбиятгирандаи ноболиғро маҷбур кардаанд, ки тифли батнашро исқот кунад", - омадааст дар парванда.

Роҳбарияти ятимхона дар ҳамоҳангӣ бо муҳосиб 167 миллион сӯми буҷаро аз худ кардаанд.

XS
SM
MD
LG