Ссылки доступа

Дар шимоли Туркманистон пулис ба деҳқонон иҷозаи фурӯши меваву сабзавотро намедиҳад (видео)


Дар бозорҳои вилояти Дашоғуз пулис сокинони маҳаллиро меронад, ки ба савдои сабзавот ва меваҳои боғи худ машғул ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз мавсими сабзавоту мева, дар бозорҳои Туркманистон нархи ин навъи маҳсулот гарон мешавад. Ба вижа дар бозорҳои Дашоғуз дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта нархи меваву сабзавот чанд баробар гарон шудааст. Барои мисол як кило помидор соли гузашта 2 манат арзиш дошт, ҳоло 5 манат фурӯхта мешавад.

Ба гуфтаи деҳқонон, боло рафтани нархи ин навъи маҳсулот ба камҳосилӣ рабт дорад. Бо ин вуҷуд, пулис намегузорад, ки деҳқонон маҳсулоти боғу полези худро дар бозорҳо ба савдо гузоранд.

Полиция Дашогуза разгоняет частных торговцев овощами
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:17 0:00

XS
SM
MD
LG