Ссылки доступа

Муҳоҷири тоҷик барои 40 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Муҳоҷири тоҷик барои 40 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуд. Одил Бобоқулов замоне боздошт шуд, ки мехост корти муҳоҷирати худро тамдид кунад, вале бар иваз ӯро хабардор карданд, ки то 40 соли дигар аз ҳақи вуруд ба хоки Русия маҳрум шудааст. (видео)

- Вокс-поп: Меҳри фарзанди падар куҷо шуд? Сокинони Душанбе дар як пурсиши сарироҳӣ ба ин савол посух медиҳанд, ки чаро дар бисёр хонаводаҳо баъди барпо шудани оила бисёр бародарон аз ҳам дур мешаванд (видео)

- Маркази миллии тестӣ натиҷаи аввали имтиҳонҳоро эълон кард. Дар Тоҷикистон марҳилаи қабули донишҷӯён барои таҳсил дар мактабҳои олӣ ҷараён дорад. Соли шашум аст, ки марҳилаи сабти двоталабон ва имтиҳонсупории онҳо дар маркази миллии тестӣ аз баҳор шурӯъ мешавад. Аммо исми онҳое, ки ба донишгоҳҳо роҳ меёбанд дар моҳи август маълум мегардад (видео)

- Як бозори бузурги масолеҳи сохтмонӣ дар Суғд ба коми оташ рафт. Субҳи сешанбеи 7-уми август дар амборҳои бузурги канори мошинбозори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сӯхтор сар зада, даҳҳо амбор бо масолеҳи сохтмониаш ба коми оташ рафтааст (видео)

- Роҳ ба сӯи ҳеҷкуҷо - занҳои мӯътод қиссаҳои худро мегӯянд. Саида исми мустаори занест, ки солҳо боз розеро дар дил пинҳон медорад -- розе, ки аз он, ба гуфтааш, фарзандону наздиконаш ҳам хабар надоранд. (видео)

- Кохи сафед таҳримҳои зидди Эронро барқарор кард. (видеои Настоящее время)

- "20%-и ҳудуди мо ғасб шудааст. Боз чи қадари дигарро бояд гузашт кунем?" Намояндаи махсуси Гурҷистон дар бораи низоъ бо Русия. (видео аз Директ)​

- Дар Суғд анбори як бозори сохтмонӣ оташ гирифт. (нигористон)

- Чаро гапи шиканҷа дар зиндонҳои Русия ба берун намебарояд. (видеои Настоящее время)

- Видоъ бо рӯзноманигор Орхан Ҷамол дар Москва. (видео)

- "Ҳамчун ҷосус зиндонӣ карданд". Турду 45 сол пеш аз Чин ба ватанаш фирор кард. Турду Омуралиев 80 сол дорад. Волидони вай соли 1916 ҳангоми ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ ба Чин фирор карда буданд. 45 сол пеш вай дубора аз Чин ба ватанаш - Қирғизистон - фирор кард. Аммо инҷо ӯро ҳамчун ҷосус зиндонӣ карданд (видео аз Директ)​

- Даҳумин солгарди ҷанги Русия бо Гурҷистон (видео)

- Дипломати пешини амрикоӣ дар бораи ҷанги Гурҷистону Русия. (видеои Настоящее время)

- "Телевизори куҳна": ба ёд меорем, ки буҳрони соли 1998-ро чи гуна инъикос мекарданд (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG