Ссылки доступа

Ӯзбекистону Қирғизистон марзи худро дар 2 минтақаи дигар муайян карданд


Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон хабар дод, ки гуруҳҳои кории Тошканду Бишкек хати марзи ду кишварро дар ду минтақаи дигар муайян карданд.

Ба огаҳии вазорат, аз 1 то 7 август дар шаҳри Фарғона мулоқоти гуруҳҳои кории Ӯзбекистону Қирғизистон барои таъйин ва аломатгузории хати марзҳои давлатӣ баргузор шуд.

Дар рафти вохӯрӣ хати марз дар ду минтақа – Шоҳимардон ва Газнов дар ҳудуди вилоятҳои Фарғонаи Ӯзбекистон ва Бодканди Қирғизистон муайян карда шуд. Дар поёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин рӯзҳои баргузории таҳқиқи саҳроии минтақаҳои дигари марзиро дар вилоятҳои Намангону Фарғонаи Ӯзбекистон ва Бодканду Ҷалолободи Қирғизистон муайян карданд.

Ӯзбекистону Қирғизистон 1 ҳазору 378 километр марзи муштарак доранд. Соли гузашта дар робита ба 1 ҳазору 170 километри он ба созиш расиданд. Қарор буд, 208 километри боқӣ то охири соли 2017 муайян карда шавад, вале то ҳол нашудааст.

XS
SM
MD
LG