Ссылки доступа

Шаҳрдори нави Бишкек: аз боздошт шудан ҳарос надорам


Шаҳрдори тозаинтихоби шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон Азиз Суракматов мегӯяд, аз боздошти худ ҳарос надорад.

“Аз боздошт шудан наметарсам. То интихоботи нави шаҳрдор 2 сол аст. Содиқона кор хоҳам кард”, - гуфт ӯ дар посух ба суоли рӯзноманигорон.

Маҷлиси шаҳрии Бишкек Суракматовро шаҳрдор интихоб кард. Ба ҷонибдорӣ аз ӯ 43 вакил раъй дода, танҳо як нафар зид баромад. Суракматов ягона номзад дар интихоботи раиси шаҳри Бишкек буд.

Номзадии Суракматовро ба ин мақом ҷиноҳи аксарияти маҷлис пешниҳод карда буд. Ҷиноҳҳои дигар ва сарвазири Қирғизистон низ ҳаққи пешниҳоди номзадро доштанд. Вале пешниҳод накарданд.

Интихоботи шаҳрдори Бишкек дар ҳоле баргузор шуд, ки фаъолони маданӣ дар назди бинои шаҳрдорӣ тазоҳурот карданд. Эътирозгарон талаб карданд, шаҳрдори навро мардум интихоб кунад. Комисияи интихоботи Қирғизистон пештар муроҷиати ҳамсони сокинонро рад кард.

Шаҳрдори пешини Бишкек Албек Ибраимов баъд аз изҳори нобоварии маҷлиси шаҳрӣ ба истеъфо рафт. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон чанд рӯз баъд зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кард.

XS
SM
MD
LG