Ссылки доступа

11 кишвари САҲА "дар бораи ҳамлаи Русия ба Гурҷистон" изҳорот нашр карданд


11 кишвари узви САҲА дар 10-умин солгарди ҷанги байни Русияву Гурҷистон изҳорот пахш карданд.

"Гуруҳи ғайрирасмии дӯстони Гурҷистон" аз Москва даъват карданд, ки артишашро аз ҳудудҳои ғасбкардаи Гурҷистон хориҷ ва аз эътирофи истиқлолияти кишварҳои Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ даст кашад.

"Баъд аз 10 соли ҳамлаи низомии Русия ба Гурҷистон мо ҳанӯз ҳам аз ғасбкориҳои давомдори ҳудудҳои Гурҷистон амиқан нигарон ҳастем. Мо ҷонибдори ҳалли осоиштаи низоъ ҳастем", - омадааст дар гузориш.

Кишварҳои САҲА ҳамчунин аз таъсиси маъмурияти нозиротии САҲА дар Гурҷистон ҷонибдорӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Департаменти давлатии ИМА низ бо изҳороте аз ягонагии марзии Гурҷистон ҷонибдорӣ кард.

10 сол пеш неруҳои низомии Русия дар Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ бо ҷониби Гурҷистон вориди даргирӣ шуданд. Бино бар шарҳи мақомоти Русия ва кишварҳои худхондаи Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ, амалкарди онҳо посух ба хушунатҳои Гурҷистон буд, ки зидди сокинони осоиштаи Осетияи Ҷанубӣ ва низомиёни сулҳхоҳи Русия анҷом медод. Тифлис мегӯяд, амалкарди Русия як маъракаи хушунатбори аз қабл тарҳрезишуда буд. 26 августи 10 соли пеш Русия Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро кишварҳои мустақил эътироф кард.

Моҳи июни соли ҷорӣ дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки Гурҷистон узви НАТО хоҳад шуд. Дар посух Владимир Путин, президенти Русия ҳушдор дод, ки Кремл ба ин иқдом "вокуниши манфӣ" нишон хоҳад дод, зеро узвияти Гурҷистон дар НАТО "таҳдиди мустақиме ба амнияти миллии Русия аст".

XS
SM
MD
LG