Ссылки доступа

Насаби раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон аз рӯйхати сенаторҳо ҳазф шуд


Насаби раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон Рустам Иноятов аз рӯйхати сенаторҳои ин кишвар ҳазф шуд. Иноятов баъд аз барканориаш аз мақоми раисии Хадамоти амният билофосила мушовири давлатии президент ва сенатор таъйин шуда буд.

"Насаби ӯ пок ва ё аз ибтидо ворид нашуда буд - инро дақиқ гуфтан душвор аст. Аммо расонаҳо дар бораи ба вазифаи мушовири давлатии президент ва сенатор таъйин шудани вай хабар дода буданд", - менависад сомонаи Uzmetronom.com.

Ин дар ҳолест, дар рӯйхати сенаторҳо ному насаби раиси пешини вилояти Самарқанд Туроб Ҷӯраев ҳанӯз ҷо дорад. Вай ибтидои моҳи июли соли ҷорӣ боздошт шуд. Комил Зиёев, сухангӯи сенат ё палатаи болоии порлумони Ӯзбекистон гуфт, мавҷудияти насаби Ҷӯраев дар рӯйхати сенаторҳо "як нофаҳмист". Баъд аз суҳбати Комил Зиёев бо хабарнигорон, насаби Ҷӯраев низ аз рӯйхат ҳазф шуд.

Рустам Иноятов, раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон баъд аз роҳбарии тақрибан 23-сола 31 январи соли ҷорӣ барканор шуд. Ҳамон рӯз Иноятов бо фармони Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон мушовир ва узви сенат таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG