Ссылки доступа

Дар Қазоқистон масҷидҳои наздик ба мактабҳоро тахриб карданӣ нестанд


Вазорати рушди иҷтимоии Қазоқистон хабари тахриби масҷидҳои наздик ба мактабҳоро рад кард.

Ҳафтаи гузашта расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, моҳи апрели соли ҷорӣ дар Қазоқистон меъёрҳои наве қабул шудааст, ки тибқи он "масҷидҳои дар радиуси то 300 метр наздик ба мактабҳо сохташуда бояд тахриб шаванд".

Вазорати рушди иҷтимоии Қазоқистон гуфт, чунин меъёре қабул нашудааст. Ба ин тартиб, хабари мазкур асос надорад, шарҳ дод вазорат.

XS
SM
MD
LG