Ссылки доступа

Фиғони модари тоҷик дар пиесаи вазири умури дохилӣ


Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон пйесаеро бо номи "Дили модар" эҷод кардааст. Аз рӯи ин пиеса коргардон Қурбони Собир намоишномаеро таҳия кардааст ва ҳафтаи оянда нахустнамоиши он доир мешавад.

Марям Исоева ҳунарманди театри Лоҳутӣ, ки нақши асосӣ – модарро бозӣ мекунад, 7 август гуфт, нахустнамоиши ин спектакл 13 август дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд.

"Намоиши пешакии ин спектакл шоми панҷуми 5-уми август бо ҳузури худи Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, генерал Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг ва Маҳмадсаид Пирзода раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, доир шуд"-, гуфт Марям Исоева.

Намоишномаи "Дили модар", ки ба қалами Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохила таалуқ дорад, аз ҷавоне қисса мекунад, ки бо ҳидояти "шайхе" тарки модар ва ёру диёр карда, озими Сурия мешавад ва ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" мепайвандад.

Намоиш аз афсонаи маъруфи писари ошиқ оғоз мешавад, ки бо дархости маъшуқа дили модарро канда, ба назди маҳбубааш меорад. Аммо ин афсонаи модар ба писар, оқибат ба ҳақиқат табдил меёбад.

Хуршеди донишҷӯ, қаҳрамони намоишнома мавриди мағзшӯӣ қарор мегирад ва ба Сурия рафта ба ДОИШ мепайвандад. Дар поёни намоишнома, ӯ модарашро, ки ба ҷустуҷӯяш ба Сурия рафта буд, қатл мекунад. Ниҳоят, ба чӣ кор даст заданшро дарк мекунад, аммо акнун дер шудааст.

"Дили модар" нахустин асари саҳнавиест, ки Рамазон Раҳимзода эҷод кардааст. То кунун шеърнавсии вазири умури дохила бо тахаллуси эҷодии "Ниҳонӣ" расонаӣ шуда буд.

Бисёре аз шеърҳои вазир зери ин тахаллус дар саҳифаҳои матбуот ба чоп мерасанд. Охиран шеъри Раҳимзода бо номи "Ту меарзӣ"- ро Сурайё ва Шабнам Қосимоваҳо сароиданд.

XS
SM
MD
LG