Ссылки доступа

Дар Қазоқистон парвандаи ҳалокати 52 ӯзбекистониро ба додгоҳи дигар доданианд


Баррасии парвандаи сӯхтори автобуси муҳоҷирони Ӯзбекистон дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ба таъхир афтод. Вакилони дифоъ талош доранд, парвандаро додгоҳи шаҳри Оқтеппа баррасӣ кунад.

Парвандаи сӯхтори мазкур, ки дар натиҷаи он 52 муҳоҷири ӯзбек ҷон бохтанд, қарор буд 7 август баррасӣ шавад.

Додгоҳи вилоятии Оқтеппа 8 август гуфт, вакилони дифоъ шикоят карданд, ки додгоҳи ноҳияи Иргиз дархости онҳоро аз 23 июл барои додани ҳаққи баррасии парванда ба додгоҳи дигар нодида мегирад.

Масофаи миёни Иргиз - маркази маъмурии ноҳияи Иргиз, ки дар он бинои додгоҳ ҷойгир аст ва шаҳри Оқтеппа ҳудуди 430 километрро ташкил медиҳад.

Дар доираи ин парванда 5 нафар, се ронандаи автобус ва ду намояндаи ширкати "Азия транзит сервис" - муассис ва механик ба ҳайси гумонбар иштирок доранд. Ронандаҳои автобус аз 26 январи соли равон дар ҳабсанд. Соҳиби автобус дар кофтукоб қарор дорад.

18 январи соли равон дар шоҳроҳи Самара-Чимкент, дар ҳудуди ноҳияи Иргизи вилояти Оқтеппаи Қазоқистон автобуси ҳомили муҳоҷирони ӯзбек оташ гирифт. Дар ин автобус бо шумули ронандагон 57 одам ҳузур дошт, ки 52 тани онҳо кушта шуданд. Ҳамаи кушташудаҳо сокинони вилояти Намангони Ӯзбекистон буданд.

Се шаҳрванди Қазоқистон ва ду шаҳрванди Ӯзбекистон наҷот ёфтанд. Калонсолтарини кушташудаҳо 41 ва хурдтаринашон 19 сол дошт.

XS
SM
MD
LG