Ссылки доступа

ИМА ба далели қазияи Скрипал зидди Русия таҳрим эъом мекунад


Департаменти давлатии ИМА зидди Москва ба далели заҳролудшавии корманди пешини мақомоти иктишофии Русия Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар Бритониё таҳрим эълом хоҳад кард. Дар ин бора сомонаи департамент иттилоъ дод.

Намояндаи Департаменти давлатии ИМА Хизер Нойерт гуфт, Русия бо истифодаи маводи фалаҷкунандаи мағзи сар қонунҳои байналмилалиро нақз кард.

Маҳдудиятҳои нави зидди Русия аз 22 август ба иҷро медароянд. Аз ҷумла, содироти маҳсулоте ба Русия манъ хоҳад шуд, ки дар бахши амнияти миллӣ истифода мешаванд. Сухан аз дастгоҳҳои электроние меравад, ки барои мухобирот истифода мекунанд.

Сомонаи NBC бо истинод ба департамент иттилоъ дод, агар Москва давоми се моҳи оянда кафолат надиҳад, ки силоҳи кимиёӣ истифода намекунад ва нозирони байналмилалиро ба Русия роҳ надиҳад, даври дувуми таҳримҳо эълом хоҳад шуд. Аз ҷумла, манъи парвозҳои "Аэрофлот" ба ИМА ва коҳиши табодули мол ба ҳадди камтарин пешбинӣ мешавад.

Падару духтар Скрипалҳо 4 марти имсол аз гази фалаҷкунандаи асаб – "Новичок" – заҳролуд шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд. Онҳо муддати тӯлонӣ дар ҳолати бӯҳронӣ қарор доштанд, вале сипас ҳолашон беҳ шуда, аввал Юлия ва сипас падараш ба ҳуш омаданд. Дар ҳоли ҳозир, макони будубоши афсари пешини русу духтараш номаълум аст.

Мақомоти Бритониё мегӯянд, Скрипалҳо аз маводе заҳролуд шуданд, ки донишмандони шӯравӣ кашф кардаанд. Ба иттилои хадамоти махсуси Бритониё, маводи мазкур дар Русия истеҳсол шудааст. Вале Москва ин иддаоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG