Ссылки доступа

Остона бозпахши телевизионҳоеро қатъ мекунад, ки намояндагӣ надоранд


Вазорати иттилоот ва иртибототи Қазоқистон таҳдид дорад, бозпахши телевизионҳои хориҷиеро қатъ мекунад, ки дар ин кишвар намояндагӣ надоранд.

Дар сомонаи вазорати мазкур дар як рӯйхате, ки 8 август нашр шуд, номи 88 телевизион зикр шудааст. Миёни онҳо шабакаҳои маъруфи ҷаҳонӣ амсоли Sky News, Fox News, France 24, Bloomberg Television, телевизиони "Дожд", инчунин Russia Today TV низ ҳастанд.

Бино бар иттилои сомонаи вазорати иттилоот ва иртиботот, бар асоси қонун "Дар бораи фаъолияти радио ва ТВ", шаҳодатномаи сабти номи ҳамаи шабакаҳои телевизионии хориҷие бозпас гирифта шудааст, ки дар кишвар намояндагӣ боз накардаанд. Ба ин далел, бозпахши мавҷи телевизионҳои мазкур қатъ мешавад.

Соли 2017 дар Қазоқистон ба қонун "Дар бораи фаъолияти радио ва ТВ" тағйирот ворид шуд, ки ҳамакнун бар асоси он тағйирот, телевизионҳои хориҷие, ки дар ин кишвар ҳамчун шахси ҳуқуқӣ сабти ном нашудаанд ва ё намояндагӣ надоранд, баста мешаванд.

Ба иттилои мақомот, дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон 307 шабакаи телевизон ва радиои хориҷӣ сабти ном шудааст. Аз ин шумор 219 адад намояндагӣ таъсис додаанд.

XS
SM
MD
LG