Ссылки доступа

Туркманистон: аз деҳқонон талаб доранд, ҷуброн пардозанд


Дар шимоли Туркманистон иҷоракороне, ки нақшаи ҷамъоварии ғалларо иҷро накарданд, аз давлат қарздор шуданд ва акнун вазифадор шудаанд, ки ҷуброн пардозанд.

Деҳқононе, ки аз давлат нафақа мегиранд, ҳоло нафақаашонро ба суратҳисоби давлат интиқол медиҳанд ва деҳқонони дигар аз ҳисоби маблағҳои худ товони давлатро мепардозанд.

"Ҳеч кадоме аз наздикони ман натавонистанд нақшаро иҷро кунанд. 90 дарсади иҷоракорон аз давлат қарздор шуданд. Ҳатто коҳи гандум сифат надорад. Агар коҳ бо сифаттар мебуд, мешуд онро фурӯхт ва қарзи давлатро пардохт кард", - гуфт як деҳқон аз Дашоғуз.

Ба гуфтаи вай, дар робита ба иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии ғалла даҳҳо деҳқон ба додситонӣ даъват ва бозпурсӣ шудаанд. Мақомот ҳамчунин аз деҳқонон талаб кардаанд, ки дар комбайнҳо камераҳои назоратӣ насб ва рафти ҷамъоварии ғалларо сабт кунанд.

XS
SM
MD
LG