Ссылки доступа

Бародари сарвазири пешини Арманистон бо гумони нигаҳдории силоҳ боздошт шуд


Генрик Абрамян, бародари сарвазири пешини Арманистон Овик Абрамян бо гумони нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа боздошт шуд, хабар доданд мақомоти қудратии Арманистон 8 август.

Генрик Абрамян дар гузашта чанд маротиба вакили порлумон интихоб шуда, дар хонаводаи бонуфуз таваллуд шудааст. Ин хонавода дар Арманистон чанд ширкат дорад.

Боздошти Генрик Абрамян - яке аз охирин боздоштҳоест, ки дар чанд моҳи ҳукумати Никол Пашинян - сарвазири кунунии ин кишвар - сурат мегирад. Пашинян, намояндаи мухолифон, моҳи майи соли ҷорӣ дар пайи эътирозҳои оммавӣ сарвазир интихоб шуд.

Хадамоти амнияти миллии Арманистон хабар медиҳад, ки аслиҳа аз корхонае ёфт шудааст, ки ба Овик Абрамян тааллуқ дорад. Абрамян дар солҳои 2014-2016 сарвазири Арманистон буд. Хадамот гуфт, дар рафти кофтукоб даҳҳо мил силоҳ ва лавозимоти ҷангии дигар мусодира шуд.

XS
SM
MD
LG