Ссылки доступа

Дар Туркманистон оби рӯдхонаҳоро 24 соат назорат мекунанд


Дар вилояти Дашоғузи Туркманистон дар канори рӯдхонаҳои оби полезӣ ба дарозии даҳҳо километр муҳофиз монданд. Мақомоти туркман мехоҳанд, аз ҳолатҳои истифодаи бидуни иҷозати об пешгирӣ кунанд.

”Бо дастури маъмурият ҳар рӯз ду одамӣ аз ҳар гуруҳ 24 соат рӯдхонаеро, ки 100 километр дароз аст назорат мекунанд, то хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзон обро нагиранд”, - гуфт як манбаи Бахши туркмании Радиои Озодӣ 8 август. Дар ин бобат дастури шифоҳӣ шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳоли ҳозир, дар ноҳияи ба номи Сафармурод Туркманбошии Туркманистон дар заминҳои ҳафт хоҷагии деҳқонӣ шолӣ мекоранд. Манбаъ мегӯяд, ин заминҳоро солҳои пешин сокинон ба иҷора мегирифтанд, вале имсол онҳоро шахсе кишт кардааст, ки бо раҳбарияти Туркманистон наздик аст.

Як мансабдори туркман низ гуфт, пахтакорони ноҳияҳои Губадаг, Болдумсоз ва Конеургенч наметавонанд аз оби рӯдхонаҳое истифода кунанд, ки ба воситаи минтақаҳои онҳо мегузарад.

XS
SM
MD
LG