Ссылки доступа

Нисбати қазоқистониҳои дар ИМА боздоштшуда айб эълон шуд


Нисбати се шаҳрванди боздоштшудаи Қазоқистон дар ИМА бо моддаи пулшӯӣ айб эълон шуд. Дар ин бора сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Айбек Смадияров хабар дод.

Рӯзи 8 август нахустин муҳокимаи додгоҳии боздоштшудаҳо барпо шуд. Муҳокимаи навбатӣ дар моҳи октябр таъийн гардидааст, гуфт Смадияров. Моддае, ки шаҳрвандони Қазоқистонро бо он айбдор мекунанд, то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Қазоқистониҳои боздоштшуда 24, 27 ва 48 сол доранд. Ду нафари онҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, гумонбари севум ба далели вазъи саломатияш ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод гаштааст.

Вазорати молияи ИМА 24 июл бо нашри як иттилоия гуфт, дар доираи ин парванда зидди 22 нафари дигар - шаҳрвандони Озарбойҷон, Гурҷистон, Латвия, Туркия, Украина ва ИМА низ айб эълом шудааст.

Ин афрод гӯиё дар шабакаҳо огаҳиҳои дурӯғи фурӯши мошинро нашр ва муштариёнро фиреб карда, пули онҳоро ба воситаи ширкатҳои сохта ба хориҷ аз ИМА интиқол медоданд.

Нақшаи мазкур аз моҳи ноябри соли 2016 то моҳи июли соли 2018 амал кардааст. Онҳо ҷамъан муштариёни худро ба маблағи чор миллион доллар фиреб додаанд.

XS
SM
MD
LG